- луқма
- [لقمه]а1. он миқдор хӯрок, ки як бор ба даҳон мегунҷад, як даҳон чизи хӯрданӣ; бурда, порча: луқмаи нон, як луқма нон, луқмае аз гулӯяш намегузашт; луқмаи муфт нони бемеҳнат ба даст омада; луқмаи равғанӣ (равғанин) маҷ. фоидаи калон; даромади зиёди муфт2. маҷ. эрод ё ягон мулоҳизаи дигар, ки дар аснои гап задани касе бо мақсади тасҳеҳ ба ӯ гуфта мешавад; луқма додан дар вақти суханронии касе ба ӯ халал расонда, аз ҷои нишаст чизеро тасҳеҳ ё танқид кардан ва ё ба хотир расондан; луқма партофтан миёни гапи касеро буридан (бо қасди ба ғалат андохтани ӯ); гаппарронӣ кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.